боло

боло
I
[بالا]
1. қисми баланди ҳар чиз, забар, фавқ; муқоб. поён, зер: ҳуҷраи болои дарвоза, иморати болои арк
2. рӯй; рӯи чизе; муқоб. таг (таҳ): болои дастархон, болои кат (хобидан), болои миз, болои майсаву сабза
3. сар, тор, фарқи сари чизе: болои душман бомба партофтан, аз болои теппаҳо гузаштан, болои қуллаҳои баландро абр пӯшондааст
4. баландӣ, теппа; рӯ ба боло рӯ ба сӯи осмон; рӯйнокӣ
5. дар мавқеи баланд воқеъгардида (нисбат ба дигаре), болоӣ: хонаи боло, деҳаи боло, боғи боло
6. кит. дароз: қадди боло
7. маҷ. қад, қомат (мас., болобаланд, қадбаланд)
8. баланд: ҳавопаймо боз болотар парид
9. гуфт., маҷ. тарафи болоии хона, пешгоҳ: аз боло гузаред, ба боло марҳамат кунед
10. маҷ. марказ, ҳукумати марказӣ; идораю муассисаҳои роҳбарикунанда нисбат ба тобеъ: аз боло фармон гирифтан (омадан); болои роҳ сари роҳ, қадди роҳ: ҳавлии болои роҳ; болои сар а) тори сар; б) тарафи осмон, сӯи ҳаво; болои ҳам // боло-болои ҳам а) яке аз фавқи ё паси дигаре: болои ҳам чидани қанори пахта; б) яке аз рӯи дигар, якеро ба рӯи дигар: чанд қабат ҷомаро боло-болои ҳам пӯшидан; в) маҷ. паси ҳам, пайи ҳам; пайваста, муттасил: боло-болои ҳам борон борид; аз болои… а) аз фавқи…, аз тори…; б) аз тарафи болоии…; в) аз мавзӯи…, аз масъалаи…; г) аз ваҷҳи…, аз ҳисоби…; ғ) аз пушти…, аз паси…; д) баъд аз, баъди…, пас аз; ё) аз хусуси…, дар бораи. . : аз болои касе шикоят кардан; ба болои… а) ба сари касе (мас., худро партофтан); б) дар назди…, дар пеши…; в) дар бораи…, дар хусуси…, аз бобати…, аз барои… (чизе ё касе талош кардан, гапгузаронӣ кардан бо касе); ба (бар) болои ин ба замми ин, илова бар ин; ғайр аз ин; дар болои… // бар болои а) дар фавқи…, дар сари… (девор, тал, роҳрав, дарвоза); б) дар бораи…, дар хусуси…., аз бобати…, дар атрофи…, дар мавзӯи…: дар болои масъалае мунозира кардан, сухан дар (бар) болои чизе мерафт, шӯру ғавғо бар болои чизе буд…; в) дар аснои…, ҳангоми…; болою поён // боло-поин а) баланду паст (ҷунбондан, рафтани чизе); б) қабати болоию поёнии бино; аз… боло аз… зиёд, зиёдтар аз …; марди синнаш аз 40 боло; аз боло ба поён аз фароз ба нишеб; боло бардоштан а) ба ҳаво бардоштан чизеро; б) маҷ. таърифи беҳад кардан; в) касеро пешбарӣ кардан ба коре; боло гирифтан авҷ гирифтан, ба дараҷаи аъло расидан (мас., оташ, овоз, садо); боло кардан (намудан) а) бардоштан, рост кардан (-и сар, чашм, гиребони палто ва ғ.); барафрохтан (байрақро); б) барзадан (мас., остинро); в) ба сар бардоштан, ба ҳаво бардоштан (мас., қамчинро); боло рафтан а) зиёд шудан, афзудан(-и шавқ, завқ); б) авҷ гирифтан, барор гирифтани коре; аз болои касе дарро бастан аз берун дарро баста (занҷир карда, қулф карда) касеро банд кардан; аз болои сар омадан (рост шудан)-и офтоб ба қиём расидани офтоб; дар (ба) болои сари касе рост истодан дар назди шахси нишаста чизеро мунтазир шуда ё талаб карда истодан; болои дида дар мавриди ниҳоят хушнудона қабул кардани меҳмоне гуфта мешавад; муқ. нури дида, тоҷи сар; болои чашм дар мавриди итоат ба фармони касе гуфта мешавад; ба чашм; ид болои ид, тӯй болои тӯй хурсандие тамом нашуда дигаре сар мешавад; ба болои кор рафтан дар айни ҷӯшу хурӯши коре ҳозир шудан (ба ҷое); ба болои коре мондан касеро ба коре вазифадор кардан; касеро роҳбари коре таъйин кардан, роҳбарии кореро ба зиммаи касе вогузоштан; болои чизеро пӯшондан чизеро пинҳон кардан (мас., гаперо), аз паҳн шудан нигоҳ доштан (кореро); ба болояш даромадан дар айни содир шудани амале ба ҷое даромада мондан; кор бар болои чизе омадан расидани навбати чизе дар коре; рӯҳи касеро боло бардоштан табъи касеро хуш кардан, рӯҳбаланд кардан; болои сӯхта намакоб (мақ.) ба замми як мусибат омадани мусибати дигар; ба як азобу уқубати вазнин илова шудани азобу машаққати дигар
II
(болой)
[بالا // بالائي]
кҳн. аспи кутал, аспи етакӣ, ҷанибат; асп

Толковый словарь таджикского языка (в 2 томах). — Душанбе, НИИ языка и литературы им. Рудаки. . 2008.

Игры ⚽ Нужен реферат?
Синонимы:

Полезное


Смотреть что такое "боло" в других словарях:

  • Боло Ён — Боло Йенг Bolo Yeung Имя при рождении: Ян Сы Дата рождения: 3 июля 1938(1938 07 03) (71 год) Место рождения …   Википедия

  • боло — сущ., кол во синонимов: 1 • нож (107) Словарь синонимов ASIS. В.Н. Тришин. 2013 …   Словарь синонимов

  • БОЛО — нож у народов Филиппин. Использовался как оружие и при сельскохозяйственных работах. Синоним ПАРАНГ, МАЧЕТЕ …   Этнографический словарь

  • боло — боло, нож у народов Филиппин. Использовался как оружие и при сельскохозяйственных работах. Ср. Паранг, Мачете …   Энциклопедия «Народы и религии мира»

  • болоӣ — I [بالايي] 1. воқеъ дар боло; муқоб. поёнӣ; қисми болои бино, айвони болоӣ, лаби болоӣ 2. мансуб ба боло (марказ): идораҳои болоӣ, ташкилотҳои болоӣ II [بالايي] гарав, замонат (хусусан дар қимор) …   Фарҳанги тафсирии забони тоҷикӣ

  • БОЛО — филиппинский нож, похожий на большой кхукри …   Энциклопедия вооружений

  • боло — smėliniai ešeriai statusas T sritis zoologija | vardynas taksono rangas gentis atitikmenys: lot. Diplectrum angl. sand perches; squirrelfishes rus. боло; песчаные окуни ryšiai: platesnis terminas – akmeniniai ešeriai siauresnis terminas –… …   Žuvų pavadinimų žodynas

  • Боло Йен — Bolo Yeung Имя при рождении …   Википедия

  • боло́метр — болометр …   Русское словесное ударение

  • боло́нка — болонка, и; р. мн. нок …   Русское словесное ударение


Поделиться ссылкой на выделенное

Прямая ссылка:
Нажмите правой клавишей мыши и выберите «Копировать ссылку»